22 сол ҳукми Маҷид Бердиев барои қатли Нигора дар Истаравшан
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Додгоҳи вилояти Суғд як сокини шаҳри Истаравшанро бо ҷурми қатли ҳамсари дувумаш Нигора Қулиева ба 22 соли зиндон маҳкум кард. Мақомоти додгоҳ рӯзи 5-уми январ гуфтанд, ки Маҷид Бердиеви 57-сола муҳлати ҷазояшро дар зиндони низомаш сангин сипарӣ хоҳад намуд.