Ҳалокати як сокини Хатлон дар муноқиша миёни ҷавонон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар пайи муноқишаи гурӯҳи ҷавонон дар ноҳияи Ҷайҳун, як ҷавони 31-сола ҷон бохтааст. Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодиса шаби 31-уми декабр дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳраки Дӯстӣ -- маркази ноҳияи Ҷайҳун рух додааст.