Тиллерсон: таҳрими Русия бардошта намешавад
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вазири хориҷаи ИМА Рекс Тиллерсон гуфт, ки то замоне, ки Русия ҷудоиталабони украиниро пуштибонӣ мекунаду нимҷазираи Қримро барнамегардонад, таҳримҳои зидди ин кишвар пойбарҷо мемонад. Изҳороти Тиллерсон рӯзи 7 декабр дар ҷараёни нишасти САҲА дар Вена садо дод.