Мугабе ба истеъфо нарафт. Ӯро барканор мекунанд?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Рӯзи якшанбе дар як паёми телевизионӣ Роберт Мугабе гуфт, ки сарфи назар аз тақозоҳои мардумӣ ӯ аз мақоми Президенти Зимбабве даст намекашад. Рӯзи якшанбе ҳизби ҳокими ЗАНУ ПФ ҳамзамон бо ихроҷи Мугабе аз сафҳои ин гурӯҳи сиёсӣ, талаб кард, ки ӯ рӯзи душанбе истеъфояшро эълон намояд.