Тоҷикистон хост, ки Эрон аз бозиҳои сиёсӣ - мазҳабӣ даст бардорад

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Маркази исломшиносӣ, як ниҳоди вобаста ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 21-уми октябр бо нашри матлабе Эронро барои талоши бесуботӣ дар кишвар муттаҳам кард ва хост, ки Теҳрон дар муносибат бо Душанбе аз бозии, ба қавли онҳо, “сиёсӣ – мазҳабӣ” даст бардорад.