Ҳоҷиёни тоҷик баргаштанд, яке бо гиря, яке бо ханда

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Субҳи 11 сентябр нахустин гурӯҳи 186-нафарии ҳоҷиёни тоҷик баъд аз адои маросими Ҳаҷҷ аз Мадина ба Душанбе баргашт. Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи корҳои дин ва танзими маросиму анъана дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоҷиён тавассути ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" ба ватан баргаштанд.