Дидори ду бародари тоҷик баъди 7 сол дар зиндони Ӯзбекистон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баъди ҳафт сол ба Облоқул Ризоев, бародари марде, ки дар Узбакистон бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон зиндонӣ шудааст, иҷоза доданд, то бо ӯ ду соат дидор кунад. Саидқул Ризоев, сокини 53-солаи шаҳри Панҷакент, бо иттиҳоми ҷосусӣ ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.