Муҳокимаи Криштиану Роналдо дар додгоҳ

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Криштиану Роналдо, футболбози маъруф барои баррасии парвандаи сарпечӣ аз пардохти молиёт ба додгоҳ ҳозир шуд. Ҳамлавари дастаи «Реал» дар як додгоҳе дар канори шаҳри Мадрид шаҳодат дод. Додситонҳо мегӯянд, ки ӯ 15 миллион евро молиёт напардохтааст. Худаш мегӯяд, гуноҳе надорад.