Эътирози як осебдидаи сел дар Рашт бо даҳ рӯзи ҳабс анҷом ёфт

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як осебдидаи сел дар ноҳияи Рашт барои эътироз ба амалкарди мақомоти ноҳия, ки ба гуфтаи ӯ ба кумакашон нарасиданд, аммо ба риштарошиву ҳиҷобгирӣ пулу фурсат доранд, даҳ рӯз ба ҳабс маҳкум шудааст.