Муштзани тоҷик дар Олмон баъди 4 моҳ аз ҳолати кома берун омад

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Даврон Маҳмадов, муштзани ҷавони тоҷик, баъди чаҳор моҳи беҳушӣ дар бемористони Олмон ба худ омадааст. Даврон Маҳмадови 24-сола зодаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе буда, ба қавли наздиконаш, тайи тақрибан даҳ соли ахир ба бокс машғул буд.