Гург дар Шуғнон як кӯдаки 3-соларо кушт
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар ноҳияи Шуғнон 2-уми июл кӯдаки сесолаеро дафн карданд, ки дар натиҷаи ҳамлаи гурги дарранда ба ҳалокат расид. Сокинони рустои Имоми ноҳия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзи 1-уми июл гурӯҳе аз кӯдакон дар дохили русто ба бозӣ машғул будаанд, ки гурге ба онҳо дарафтодааст.