Намози Иди Рамазон дар масҷиди замони Туркони усмонӣ
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар шаҳри Приштина пойтахти Косово рӯзи 25-уми июн Иди Рамазонро таҷлил карданд. Намози ид дар масҷиди ҷомеаи Султон Маҳмад Фотиҳ баргузор шуд, ки дар замони Туркони усмонӣ дар қарни 15 онро сохтаанд. Наим Тернава, муфтии Косово, дар ин намоз имоматӣ кард.