Моҷарои баъди зиёфат: Чашми кафидаи эронӣ, ҷоғи шикастаи тоҷик
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як шаҳрванди Эрон, ки дар Тоҷикистон дар муноқишае маҷрӯҳ шудааст, иддао дорад, ки муроҷиати ӯ ва ҳамсараш барои ба ҷавобгарӣ кашидани афроди гунаҳкорро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба эътибор намегиранд. Акбар Қаҳрамонихоҳи 49-сола ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар натиҷаи латукӯб чашми росташ нобино шудааст.