Масъулони бадрафторӣ нисбати устодону донишҷӯён ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомдорони қирғиз аз устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ маъзарат хостанд. Як рӯз қабл аз ин гурӯҳи ҷавонони шаҳри Норин вориди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ шуда, талаб кардаанд, ки донишҷӯёни хориҷӣ “барои муноқиша” дар бозии баскетбол ба зону зада ва аз онҳо узр пурсанд.