Эътироз аз Ашраф Ғанӣ. Полис ба ҳаво тир кушод

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гузоришҳои расида аз Кобул ҳокӣ аз он аст, ки нирӯҳои амниятии Афғонистон дар маҳалли баргузории як намоиши эътирозӣ дар маркази Кобул ба ҳаво оташ кушоданд. Рӯзи 2 июн ҳудудан 1000 нафар бо талаби истеъфои президент Ашраф Ғанӣ дар назди маҳалли таркиши пурқурбонии ду рӯз пеш гирди ҳам омаданд.