Гурӯҳи ба ном "давлати исломӣ" ҳамла ба телевизиони Афғонистонро амалӣ кардааст

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гурӯҳи даҳшатафкани "давлати исломӣ" масъулияти ҳамлаи маргталабона ба қароргоҳи телевизиони давлатии Афғонистон дар шаҳри Ҷалолободи вилояти Нангарҳорро бар дӯш гирифт. Рӯзи чоршанбе бар асари ҳамлаи силоҳбадастон шаш нафар кушта ва камаш 24 каси дигар маҷрӯҳ шуданд.