Дар Олмон сарбозон мехостанд аз номи паноҳҷӯён амали террористӣ анҷом диҳанд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Идораи додситонии федералии Олмон рӯзи 9-уми май хабар дод, ки дар робита бо тарҳрезии ҳамла болои сиёсатмадорони чапгарои тарафдори муҳоҷират муттаҳами сеюм боздошт шудааст. Идораи додситонӣ афзуд, ки боздоштшуда шаҳрванди 27-солаи Олмон Максимилиан Т. мебошад.