Гулбиддин Ҳикматёр ба хатми душманӣ бо Толибон даъват кард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҷангсолори собиқи афғон Гулбиддин Ҳикматёр рӯзи панҷшанбе баъди ҳиҷрати тахминан 20-сола ба Кобул баргашт. Дар қасри раёсатҷумҳурии Афғонистон Ҳикматёр ба сулҳ бо Толибон даъват карда, ҳукумати ин кишварро ноӯҳдабаро хонд.