Шаш номзад барои курсии Президенти Эрон талош хоҳанд кард

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шӯрои нигаҳбони Эрон аз миёни садҳо нафар танҳо шаш номзадро барои сабқат дар интихоботи президентии Эрон тасдиқ кардааст. Шореҳи Радиои Озодӣ Аббоси Ҷаводӣ тахмин мекунад, ки сабқати асосӣ миёни расиҷумҳури кунунӣ Ҳасани Рӯҳонӣ ва номзади муҳофизакор Иброҳими Раисӣ хоҳад буд.