Синни нафақаи кормандони гумрукро боло мебаранд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки синни нафақаи кормандони Хадамоти гумрук се сол боло бурда шавад. Дар сурати пазируфта шудани тарҳ аз тарафи порлумон, генералҳои ин Хадамот дар 63, полковникҳо дар 58 ва соҳибони рутбаҳои поёнтар дар 53-солагӣ ба нафақа хоҳанд баромад.