Роҳат Оқилов масъулияти ҳамлаи Стокҳолмро бар дӯш гирифтааст
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Имрӯз дар шаҳри Стокҳолм муҳокимаи муқаддамотии Роҳат Оқилов, муттаҳам ба ҳамлаи маргбор дар шаҳри Стокҳолм шурӯъ шуд ва ӯ ба гуноҳаш эътироф кардааст. Мақомоти Шветсия мегӯянд, маҳз Роҳат Оқилов рӯзи 7-уми апрел мошини боркашро ба як мағозае дар шаҳри Стокҳолм равон кард ва чаҳор нафарро кушт.