“Қотилони пинҳон” дар киштзорҳои Украина. ВИДЕО
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бомбҳои мунфаҷирнашуда, мина ва домҳои тарканда дар заминҳои шарқи Украина на танҳо ҳаёти сарбозон, балки кишоварзону дигар ғайринизомиҳоро таҳти хатар гузоштаанд. Мушкили бузург ин аст, ки дар ин минтақаи Украина ҳеҷ нақшаи майдонҳои минакоришуда вуҷуд надорад. Возеҳ ҳам нест, ки онҳоро кӣ коштааст.