ИМА аз Русия хост, пуштибониаш аз Сурияро бознигарӣ кунад
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баъди ҳамлаи эҳтимолан кимиёвӣ дар Сурия, Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико аз Русия хостааст, ҳамкориаш бо Башор Ассад, раиси ҷумҳури Сурияро бознигарӣ кунад. Ӯ рӯзи 5-уми апрел дар Вашингтон гуфт, онҳо шубҳа надоранд, ки ҳамлаи ваҳшатнок кори дасти нерӯҳои Сурия аст.