Мансабдорони тоҷик бе иҷозаи президент ҳаққи гирифтани мукофотро надоранд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аз ин ба баъд ҳеҷ мансабдори тоҷик бидуни иҷозаи президент ҳаққи гирифтани мукофот, унвонҳои фахрӣ ва махсусро аз ҳукуматҳои хориҷӣ ва ё созмонҳои байналмилалӣ нахоҳад дошт. Ин талабот ахиран дар қонун “Дар бораи хизматчии давлатӣ” ворид шудааст.