Лӯлиён дар сафҳои ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Самандар Баракаев, як сокини лӯлитабори шаҳри Ҳисор, мушовир ва муовини раиси дафтари ҳизби сотсиал-демократ дар навоҳии атрофи Душанбе интихоб шуд. Баракаеви 76-сола маълумоти олӣ надорад, аммо мегӯяд, ки талош мекунад, худу ҳамқавмонашро аз ҳаёти сиёсӣ бештар огоҳ намояд.