Тақсими ҷашни Наврӯз миёни Турсунзода ва Душанбе

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷашни асосӣ ё расмии Наврӯзи имсола дар шаҳри Турсунзода ва Душанбе баргузор хоҳад шуд. Абдуғаффор Абдуҷабборов – раиси дастгоҳи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон – рӯзи 14 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба ин маросим меҳмонҳо аз Узбакистону Афғонистон даъват шудаанд.