"Нокиа 3310"-ро дар Тоҷикистон фаромӯш накардаанд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Телефони "Нокиа 3310", ки дар соли 2000-ум маъруфтарин телефон дар ҷаҳон буд ва дар Тоҷикистон чормағзшикан ном мебурданд, дигарбора ба бозор баргашт. Бархе аз сокинони Тоҷикистон гуфтанд, ин телефонро хуб дар хотир доранд, аммо бо гузашти замон телефонҳои ҳушмандро аз Нокиа беҳтар донистаанд.