Хона ба хона дар Хатлон. Чаро телефони мобили муҳоҷирро мепурсанд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Хатлон мақомот ташаббусеро барои огаҳӣ аз шароити буду боши сокинон дар шаҳру манотиқи Русия роҳандозӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, бо ҳадафи хабардор шудан аз макон ва ҳузури сокинон дар Русия ва барои ҷилавгирӣ аз пайвастани онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ, бо ҳар як нафар телефонӣ ҳамсӯҳбат мешаванд.