Беҳтарин аксҳои сол аз нигоҳи World Press Photo

Ҷоизаи асосӣ насиби аксбардори хабаргузории Ассошиэйтед пресс Бурҳон Озбиличи шуд, ки дар авохири декабри соли 2016 лаҳзаи қатли сафири Русия дар Туркияро аксбардорӣ кард. Сафири Русия дар як маросими расмӣ аз сӯи як корманди интизомӣ ба қатл расид. 

Ҷои дувум дар бахши "Мушкилоти муосир", насиби аксе шуд, ки лаҳзаи убури муҳоҷирон аз дарё дар Македонияро нишон медиҳад. Акс аз Вадим Гирда

Ҷоизаи аввал дар бахши "Табиат" ба Франсис Перес тааллуқ гирифт, ки сангпушти баҳриро, ки дар тӯри моҳигирӣ дармондааст, аксбардорӣ кардааст.  

Сокинони деҳаҳои Луганск дар Донбасс пас аз бамборон. Акс аз Валерий Мелников.

Ҷоизаи аввал дар бахши "Зиндагӣ" насиби аксе аз Пола Бронштейн шуд. Дар ин акс як зани афғон бо номи Наҷиба дида мешавад, ки бародарзодаашро, ки дар як ҳамлаи террористӣ, захмӣ шуда буд, дар даст дорад ва ашк мерезад.

Барандаи бахши "Зиндагӣ -таърих".  Як сартарошхона дар минтақаи кӯҳнаи Гавана дар Куба чанд рӯз баъд аз даргузашти Фидел Кастро, раҳбари инқилобии он кишвар. Акс аз Томас Мунита.

Сокинон дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои ироқӣ барои бозпасгирии шаҳри Мавсил аз дасти нерӯҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" фирор мекунанд. Акс аз Сергей Пономарев.

Овозхони холкӯбшудаи иронӣ Сиёвуш сигор дуд медиҳад. Тибқи суннати исломӣ, холкӯбӣ мамнӯъ мебошад. Акс аз Ҳусейн Фотимӣ.

Зиндагии мардуми оддӣ гарави муноқишаҳо дар Донбасс шудааст. Акс аз Валерий Мелников.

Ҷоизаи аввал дар бахши "Хабарҳо". Лаҳзаи қатли сафири Русия дар Туркия ҳини ифтитоҳи як намоишгоҳ. Акс аз Бурҳон Озбиличи.

Ҷоизаи аввал дар бахши "Одамон". Олга ва Аделина Лим-Хи  -- фарзандони муҳоҷирон дар Куба. Акс аз Майкл Винс Ким.

Ҷоизаи дувум дар бахши "Хабарҳо". Ҷасади як ироқӣ дар як гӯристони дастаҷамъӣ дар шаҳри Ҳамом Ал-Алил дар шимоли Ироқ. Акс аз Сергей Пономарев. 

Ҷоизаи дувум дар бахши "Табиат". Панда (хирси чинӣ) бо навзодаш. Акс аз Эми Витал.

Ҷоизаи савум дар бахши "Табиат". Шабпарак ё парвонаҳо дар як майдон дар Мексика. Акс аз Хайме Роҳо.