Сокинони Тоҷикистон аз Путин чӣ мехоҳанд? ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Хабари омадани Владимир Путин – раиси ҷумҳури Русия – ба Тоҷикистон бисёре аз сокинонро барои афви муҳоҷирон ва сабукӣ дар кору будубоши онҳо умедвор кардааст. Бархеи дигар мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд ин сафар барои ташвиқи Тоҷикистон барои вуруд ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ваё ЕВРАЗЭС бошад. Владимир Путин охири моҳи феврал дар доираи сафараш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон ҳам боздид хоҳад кард. Барномаи сафари ӯ то ҳол маълум нест, вале мақомоти тоҷик гуфтанд, ки имзои чанд санад дар назар аст. Ҷониби Русия ҳам гуфтааст, эҳтимол то 70 ҳазор аз муҳоҷирони мамнӯъулвуруди тоҷик ба қаламрави ин кишварро бибахшад.