Истеъфои вазир эътирозгаронро қонеъ накард

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рӯзи 9-уми феврал вазири адлияи Руминия Флорин Иордаке ба истеъфо рафт. Ӯ аз мубтакирони қонуни баҳсбарангези нарм кардани ҷазо барои фасодкорон буд, ки садҳо ҳазор нафарри норозӣ аз ин тарҳро ба хиёбонҳо баровард. Вале ҳатто аз вазифа барканор кардани вазири адлия мавҷи эътирозҳоро хомӯш накард.