Қарзи хориҷии Тоҷикистон ба $2,3 миллиард расид

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар охири соли гузашта ба 2 миллиарду 300 миллион доллар баробар шудааст. Дар ин бора Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон, рӯзи 27 январ хабар дод ва гуфт, ин миқдор қарз “ба 32,7 дар сади ҳаҷми номиналии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ВВП) барорбар аст.”