Чопи пули 1000 сомонӣ бо акси Э.Раҳмон ниҳоӣ нашудааст

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт, пешниҳодҳо барои нашри пули 1000 сомонӣ бо акси раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз расмӣ нашудааст. Ба қавли ӯ, ҳоло як гурӯҳи бузург барои омӯзиши ин мавзӯъ дар назди Вазорати рушди иқтисод низ ташкил шудааст.