Рустами Эмомалӣ ба ҷойи Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси Душанбе таъин шуд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе рӯзи 12 январ аз мақомаш барканор ва ба ин мақом писари бузурги президент Раҳмон - Рустами Эмомалӣ таъин шуд. То расидан ба ин мақом, Рустами Эмомалӣ раҳбари Оҷонсии мубориза бо фасод буд.