Марги даҳҳо нафар бар асари таркишҳои Кобул
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки таркиши ду бомба дар наздикии бинои порлумон дар Кобул дастикам 30 кушта ба ҷо гузошт. Дар ин таркишҳо, ки рӯзи 10 январ сурат гирифт, беш аз 45 нафар маҷрӯҳ шуданд. Масъулияти ин ҳамларо дафъатан ҷунбиши Толибон бо пахши як изҳорот бар дӯш гирифт.