Тоҷикистони соли 2020 чӣ гуна хоҳад буд? ВИДЕО

Коҳиши фасод дар идораҳои давлатӣ, рушди иқтисод, кам кардани мизони сармояи хориҷӣ ва истеҳсоли зиёди нерӯи барқ аз омилҳои татбиқи Барномаи миёнамӯҳлати рушди Тоҷикистон мебошад, ки барои солҳои 2016 ва 2020 муайян шудааст. Тарҳи ин барнома аз тарафи ҳукумати кишвар ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд ва рӯзи 28 декабр тасвиб гардид.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тоҷикистон дар соли 2020 - барқ бештару фасод камтар?

Мо намедонем, аз кадом ҳисоб маоши хизматчиёни давлатӣ то 2020 боло бурда мешавад? Агар ин масъала дар мӯҳлате, ки зикр шудааст, ҳалли худро наёбад, пас, барномаи рушди миёнамӯҳлат номуваффақ хоҳад буд.

Умеди Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон, ки тарҳи мазкурро дар порлумон ироа мекард, пас аз анҷоми иҷлосия ба Радиои Озодӣ гуфт, барои татбиқи ҳамаҷонибаи барнома ҳеҷ нуктаи он пинҳон дошта нашудааст. "Тавре дар барнома зикр шудааст, сатҳи баланди коррупсия дар ниҳодҳои давлатӣ коҳиш дода шуда, маоши хизматчиёни давлатӣ афзоиш хоҳад ёфт. Бартараф кардани монеаҳои сунъие, ки аз такрори вазифаҳо дар мақомот сурат мегиранд, тақвияти ҳокимияти марказӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ва рушди мутавозин аз бахшҳои дигари барномаанд", - афзуд ӯ.

Умеди Давлатзод

Бар асоси барномаи рушди миёндавра то соли 2020 истеҳсоли нерӯи барқ ба 26,2 миллиард киловатт соат расида, мизони камбизотӣ то 20 дарсад коҳиш хоҳад ёфт. Вале иқтисоддонҳои тоҷик мегӯянд, дар барнома зикр нашудани сарчашмаҳои молӣ иҷрои онро зери суол мебарад.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нияти Тоҷикистон барои аз байн бурдани фақру камбизоатӣ

Маъсуд Собиров, иқтисоддони тоҷик, гуфт, "мо намедонем аз кадом ҳисоб маоши хизматчиёни давлатӣ то соли 2020 боло бурда мешавад? Агар ин масъала дар мӯҳлате, ки зикр шудааст, ҳалли худро наёбад, пас, барномаи рушди миёнамӯҳлат номуваффақ хоҳад буд."

Масъуд Собиров

Мақомоти Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон мегӯянд, барои иҷрои ин барнома беш аз 25 миллиард доллар зарур аст ва ба қавли онҳо, “55 фоизаш аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва боқимонда аз ҳисоби бахши хусусӣ ва шарикони рушд” таъмин хоҳад шуд. Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ низ гуфт, суръати истеҳсоли Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ВВП) нишон медиҳад, ки амалӣ шудани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ барои соли 2020 имконпазир аст.

“Бибинед, агар дар соли 2015 маҳсулоти истеҳсолнамудаи кишвар ба 48 миллиард сомонӣ баробар буд, дар соли равон ба 54 миллиард расид ва дар соли баъд боз бештар хоҳад шуд. Истеҳсоли захираи барқ дар ҳаҷми 26,2 миллиард киловатт соат дар соли 2020 такя ба Роғун аст, ки интизор меравад, баъди ду сол чархаҳои аввалаш ба кор дароянд”, - гуфт ӯ.

Шариф Раҳимзода

Аммо, дар айни замон, Шарифзода афзуд, масире, ки Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи барномаи рушди миёндавраӣ мушаххас кардааст, боз ба омилҳои беруна вобастагӣ дорад. Ӯ гуфт, “барои мисол, маблағҳое, ки аз шаҳрвандон ба Тоҷикистон меомад, кам шуд ва ин маблағ даромади пулии аҳолии кишвар буд. Ин ба ин маъност, ки агар Шумо харид кардед, истеҳсолкунанда бо назардошти талабот маҳсулот мебарорад. Ё агар ба театр рафтед, театрҳо кор мекунанд.”

Профессор Нуриддин Қаюмов, иқтисоддони тоҷик, дар иртибот ба Барномаи рушди миёндавраӣ гуфт, татбиқи ин барнома имконпазир аст, зеро воқеан заминаҳои бештар намудани захираи барқ вуҷуд дорад ва ин ҳам баъди ба кор даромадани агрегатҳои Роғун ба даст хоҳад омад. Ӯ гуфт, “дигар ин ки дарёфти сармояи хориҷиро кам кардан даркор, зеро ҳар маблағе аз берун ворид мешавад, қарз аст ва ин ба маънои дар чуқурӣ афтодан аст. Дигар роҳ вуҷуд надорад ва иҷрои барномаи мазкур ба суди кишвар хоҳад буд.”

Маҷрои Вахш ба хотири бунёди обанбори Роғун тағйир дода шуд

Барномаи миёнамӯҳлати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар ҳоле қабул шуд, ки қаблан стратегияи рушди кишвар барои 15 соли оянда таҳия шуда ва дар сурати иҷрояш Тоҷикистон дар соли 2030 бояд аз кишвари “рӯ ба рушд” ба кишвари “дар ҳоли рушд” табдил ёбад. Ин ҳуҷҷати садсаҳифаӣ, ки устувонаи ҳамаи стратегияҳои дигарро ташкил мекунад, роҳу равиши пешрафти кишварро то соли 2030 муайян хоҳад кард.

Тоҷикистон дар соли 2009 барномаи рушди стратегиашро қабул карда буд, ки барои то соли 2015 таҳия шуда, се ҳадафи стратегӣ: раҳоӣ аз бунбасти комуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикиро дар бар мегирифт. Душанбе дар амри расидан ба ду ҳадафи аввалӣ ба пешрафтҳое ноил шуд. Аммо Тоҷикистон ҳанӯз ба ҳадафи расидан ба истиқлоли энергетикӣ ноил нашудааст. Ҳоло сокинони кишвар дар шаш моҳи тирамоҳу зимистон аз камбуди нерӯи барқ ва зиндагӣ дар манзилҳои торик азият мекашанд.