Бозгашти муҳоҷирони тоҷик бо ҷайбҳои холӣ аз Русия

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳар сол дар оғози фасли зимистон ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик аз Русия ба ватан бармегарданд. Аз як тараф сармо ва аз тарафи дигари мушкили пайдо кардани кор онҳоро ба назди пайвандонашон меорад. Вале имсол ба сабаби амиқтар шудани бӯҳрони молии Русия бештари онҳо мегӯянд, ки бо ҷайби холӣ бармегарданд.