Э.Раҳмон: Тоҷикистон бо камбуди барқ рӯ ба рӯст

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон - дар ҳамоиши оби Будапешт, пойтахти Маҷористон (Венгрия), аз камбуди нерӯи барқ дар кишвар сӯҳбат кард. Ӯ гуфт, "Тоҷикистон захираҳои бузурги гидроэнергетикиро дошта бошад ҳам, ҳамасола дар фасли зимистон бо камбуди нерӯи барқ дучор мешавад, ки дар навбати худ боиси мушкилоти мухталифи иҷтимоиву иқтисодӣ мегардад."