Боздошти Улюкаев бо 2 миллион $ ришва

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Алексей Улюкаев – вазири иқтисоди Русия – бо иттиҳоми гирифтани 2 миллион доллар ришва боздошт шуд. Кумитаи тафтишоти Русия рӯзи 15 ноябр гуфт, ки Улюкаев ин пулро барои "хулосаи мусбат" дар масъалаи харидани 50 дар сади саҳмияҳои ширкати «Башнефт» аз сӯи ширкати давлатии «Роснефт» талаб карда буд.