Аскаров: "Агар гуноҳи маро ёфтед, дар мазҳари ом ҷазо диҳед"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Рӯзи сешанбе додгоҳи Қирғизистон муҳокимаи рӯзноманигор ва ҳомии ҳуқуқ Азимҷон Аскаровро аз сар гирифт. Ин узбактабори 65-сола бо ҷурми ташкили нооромиҳои дастҷамъӣ, ки боиси марги як афсари пулис дар ҷараёни бархӯрдҳо миёни узбактаборон ва қирғизҳо гардидааст, ба ҳукми абад маҳкум шуда буд.