Шогирдони Мавзуна дар нимфинали Бозиҳои «Бачагони Осиё»

Сумая Қосимова ва Идимоҳ Холова, варзишгарони навраси тоҷик, дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё», ки дар Ёқутистони Русия ҷараён доранд, дар мусобиқаи бокс миёни духтарон ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.

Қувваозмоиҳои ниманиҳоӣ рӯзи 12 июл баргузор мешаванд. Сумая Қосимова дар вазни то 46 кг ва Идимоҳ Холова дар вазни то 57 кг рақобат мекунанд.

Бояд гуфт, ки сарфи назар аз натиҷаи даври ниманиҳоӣ Сумая Қосимова ва Идимоҳ Холова ҳадди ақал бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида мешаванд. Дарвоқеъ, ҳар ду дар ин Бозиҳо бо мураббиашон Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012, ширкат доранд.

Дар ин Бозиҳо беш аз 20 варзишгари навраси тоҷик дар мусобиқот аз рӯи бокс (писарону духтарон), гуштии озод, самбо ва ҷудо ширкат меварзанд. Имрӯз, 8 июл, қувваозмоиҳои пешакӣ оид ба бокс барпо мегарданд. Инчунин намояндагони Тоҷикистон рӯзи ҷумъа дар мусобиқоти пешакӣ оид ба гуштии озод дар вазнҳои 42, 54, 69 кг байни писарон ва дар вазнҳои 47, 48, 62, 67 кг миёни духтарон иштирок мекунанд. Қувваозмоиҳои ниҳоӣ дар ин вазнҳо бегоҳи имрӯз сурат мегиранд.

Мусобиқа дар риштаи ҷудо рӯзҳои 9-11 июл ва оид ба самбо – 10-11 июл барпо мегарданд.

Ёдовар мешавем, то имрӯз варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё» дар Ёқутистони Русия ду медал – як нуқра ва як биринҷӣ – гирифтаанд.

Аввалин медалро дар ин Бозиҳо ба Тоҷикистон Шоҳрух Саидов овардааст. Ӯ дар мусобиқаи гуштии озод дар вазни то 35 кг барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шудааст.

Авзалшоҳи Ҳикматулло, ки дар мусобиқаи гуштии озод дар вазни то 50 кг мақоми севумро касб кард, медали биринҷӣ гирифт. Ин дувумин медали мунтахаби Тоҷикистон дар ин Бозиҳо ба шумор меравад.

Дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё», ки 6 июл дар шаҳри Якутски Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон)-и Русия шуруъ шуданд, беш аз 3300 варзишгари наврас аз 38 кишвар барои 321 маҷмӯи медалҳо тӯли 11 рӯз мубориза мебаранд. Ба барномаи бозиҳо 22 намуди варзиш дохил аcт.

Бозиҳои байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё» бо ибтикори аввалин президенти Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон) Михаил Николаев сар аз соли 1996 барои бори шашум баргузор шудаанд.

Барои ширкат дар ин Бозиҳо дастаҳои мунтахаби кишварҳои узви Шӯрои олимпии Осиё, инчунин минтақаҳои Русия ва шаҳри Олимпи Қадимаи Ҷумҳурии Юнон даъват шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар Бозиҳои имсола барои аввалин бор дастаи мунтахаби наврасони Сурия иштирок мекунад.