Мардуми Бритониё ба тарафдории хуруҷ аз Иттиҳодияи Аврупо раъй доданд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Кумисёни интихоботии Бритониё эълон кард, ки мардуми ин кишвар ба тарафдории хориҷ шудани Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо раъй додаанд. Дар раъйпурсии рӯзи 23 июн 52 дарсади мардум хостаанд, кишварашон аз Иттиҳодияи Аврупо ҷудо шавад ва 48 дарсад гуфтаанд, ки Бритониё дар ҳайати иттиҳодия бимонад.