15 акси беҳтарини сол
Гангасагар - яке аз бузургтарин маконҳои зиёрат дар Ҳинд. Ҳарсол дар иди ҳосилот - Макара-санкранти - дар инҷо ҳазорон нафар гирд меоянд. Дар акс занонеро мебинед, ки баъди таҳорат дар оби муқаддас ба Офтоб ниёиш мекунанд.
Дар акс – гурӯҳи роҳибони дуббоӣ дар маросими вижа ҳангоми барфрезӣ. Ин маросим дар шаҳри Лангмусии Чин доир мешавад. Нисфи аҳолии Лангмуси буддоиҳои Тибет ва нисфи дигараш мусулмонҳоянд.
Аксбардор мегӯяд, бо ин акс мехост нишон бидиҳад, ки бадани ҳар инсон дар ҳар куҷову ҳар макон таърихи худро дорад.
Кратери гази Дарвоза дар Туркманистонро "дарвозаи ҷаҳаннам" ном мебаранд. Ин кратер аз соли 1971, инак 45 сол боз фурӯзон аст. Геологҳо ибтидо гумон доштанд, ки сӯхтор баъди чанд рӯз хомӯш мешавад, вале газе, ки аз инҷо берун меояд, 45 сол боз шабурӯз фурӯзон боқӣ мондааст.
Ҳарсол ҳазорон рӯдапо (каракатица) дар халиҷи Спенсер дар ҷануби Австралия барои ҷуфтшавӣ ҷамъ меоянд. Ин як лаҳзаи хеле ҷаззоб аст, чунки рӯдапоҳо барои нишон додани мақсади худ тағйири рангу ҳол мекунанд.
Толибилмон дар яке аз мадрасаҳои мазҳабии Баншладеш баъди дарс футболбозӣ ва ба рӯи ҳамдигар хокпошӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, барояшон муҳим на пирӯзӣ дар бозист, балки соате ҳаловат бурдан аз нурҳои офтоби шомгоҳӣ.
Ин акси рӯбоҳи ваҳширо аксбардоре аз Ирландия бардоштааст. Ӯ мегӯяд, мехост ҳолати ҳайвони ваҳшиеро, ки пой ба шаҳр мегузорад, мунъакис кунад.
Ин акаву хоҳар аз хонаводаи фақире дар Ҳинд хушҳоланд, ки ба инки Замин чигуна дар гирди меҳвараш чарх мезанад, сарфаҳм рафтанд.
Моҳигири чиноӣ дар миёни шастҳои аз чӯби бамбук сохташуда
"Древесный цветок" - так называется древняя китайская традиция разбрызгивания расплавленного железа. Ежегодно во время фестиваля весны специально обученные кузнецы плавят железо до жидкого состояния, а потом разбрызгивают его вокруг, создавая удивительные воздушные рисунки, напоминающие фейерверк или кроны деревьев
Ин мард дар хонае, ки аз падар мерос бурдааст, ба сар мебарад
Ин бухории хиштпазӣ дар Чжетсзяни Чин 150 сол дорад. Коргарон дар инҷо то ҳол бо суннати аҷдоди худ хишт мепазанд
Муаллифи ин акс қаҳрамонҳои афсонаи бародарон Гримм "Snow-White and Rose-Red"-ро зинда кардааст
Наврасе бо "рогатка" дар яке аз маҳаллаҳои Мумбай
Гармшавии иқлим аз нигоҳи ин аксбардор чунин менамояд