Хилофи расму русум
8 августи соли 2012 варзишгари тоҷик Мавзуна Чориева дар Олимпиадаи Лондон барандаи медали биринҷӣ шуд. Ӯ аввалин муштзан дар миёни духтарҳои тоҷик шуд, ки ба чунин натиҷаи баланд даст ёфт.
Шерин Ханкакн зодаи Дания аст. Ӯ аз ҷумлаи имом-хатибони нодир дар ҷаҳон аст. Дар моҳи феврал ин зан нахустин масҷидро дар тамоми Скандинавия ифтитоҳ кард, ки дар он ҷо ҳама имом-хатибон зан ҳастанд.
Оксана Кирилюк, танҳо зани оҳангар дар тамоми Белорус буда ва барои аспҳо паноҳгоҳе ҳам таъсис додааст.
Евгения Швентсел сагбон (кинолог) ва мураббии омӯзиши умумии сагҳои хидматӣ дар ВКД Русия аст. Дар акс бо Евгения “шогирд”-аш - саги чӯпонии олмонӣ бо номи Жасмин.
Оксана Шевалье танҳо зани ғаввос дар Вазорати вазъияти фавулоддаи шаҳри Маскав аст. Ӯ дар истгоҳи ҷустуҷӯию наҷотдиҳии “Строгино” фаъолият мекунад.
Анна Шпенова, яке аз камтарин занҳои оташнишон дар Русия.
Ин зан дар яке аз корхонаҳои хишти Покистон кор мекунад. Кори ӯ каммаош ва хеле вазнин аст. Ҳамарӯза ӯ дар ҳавои тафсон хиштҳои вазнинро мекашонад.
Зимаса Мабела на танҳо як низомии нирӯҳои баҳрӣ, балки танҳо капитан ё нохудои киштӣ дар флоти Африқои Ҷанубӣ аст. Киштии “Умхлоти”-и ӯ дар баҳр минаҳоро кашф ва безарар месозад.
Ин корхонаи кӯчаки дӯзандагӣ дар Бутхайна аст. Қаблан оилаи ӯ дар шаҳри Гутаи Сурия зиндагӣ мекард. Тобистони соли 2013 пас аз ҳамлаи кимиёвии неруҳои давлатӣ ӯ бо се фарзандаш ба самти Димишқ фирор кард. Шавҳараш нопадид шуда ва ӯ ба танҳоӣ оиларо саробонӣ мекунад. Танҳо як фарзандаш ба мактаб меравад. Писари хурдиаш мубталои бемории Дауна буда ва хоҳараш вайро парасторӣ мекунад. Ин зан мегӯяд, зиндагӣ дар Димишқ гарон буда, маошаш барои нигоҳубини 4 фарзанд кифоият намекунад.
Нилуфар Раҳмонӣ танҳо зани ҳавонавард дар Афғонистон аст. Ӯ 23 сол дошта, бо вуҷуди ҷомеаи мардсолори Афғонистон ва муносибати нодӯстонаи ҳамкорони мардаш, кори дӯстдоштаашро идома медиҳад.