Муҳоҷирон аз иваз шудани рубл ба сомонӣ норозиянд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бисёре аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз ин, ки пулҳои фиристодаи онҳоро дар бонкҳои Тоҷикистон бар асоси қурби расмии асъор ба сомонӣ медиҳанд, чандон хушҳол нестанд. Ба ҳисоби онҳо, дар натиҷа аз ҳар 1000 рубли русӣ 10 сомонӣ зарар мебинанд ва суол мегузоранд, ки онро кӣ ҷуброн хоҳад кард?