Шариқ Зафар: "Зиёрати президенти ИМА аз масҷид аҳамияти бузурги маърифатӣ дорад"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Фиристодаи ИМА дар умури исломӣ Шариқ Зафар мегӯяд, зиёрати президенти ИМА Барак Обама аз масҷиде дар аёлати Мериленд аҳамияти бузурги маърифатӣ дорад, зеро то ҳанӯз бисёриҳо дар дохилу хориҷӣ Амрико хабар надоранд, ки мусулмонон аз рӯзҳои аввали бунёди ин кишвар муқими он будаанд.