Таркиш дар Покистон ҳаёти камаш 18 касро аз байн бурд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бар асари таркиш дар бинои ҳукуматии шаҳри шимолу ғарбии Мардони Покистон камаш 18 кас кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд. Ба қавли мақомот таркиш дар макони тақдими кортҳои ҳувият ба вуқӯъ пайваст. Гурӯҳи Ҷамоат-ул-Аҳрор, ки аз Толибон канда шудааст, масъулияти инфиҷорро бар дӯш гирифтааст.