Наврасон барои чӣ талбандагӣ мекунанд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба волидони бархе аз наврасон ҳушдор додааст, ки то аз талабандагии фарзандони худ дар хиёбонҳо ҷилавгирӣ кунанд. Дар пайи як рейд ин Вазорат беш аз 600 наврасро барои шиносоӣ ва омӯзиши вазъи зиндагии онҳо боздошт карда, бархе аз волидайнро барои ташвиқи фарзандаш ба талбандагӣ ва дур кардани онҳо аз таҳсил ҷарима кардааст.