Бозии таърихсоз барои "Истиқлол"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бозии ниҳоии Ҷоми AFC миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия баргузор мешавад. Маблағи ҷавоизи бозии ниҳоии Ҷоми AFC - мусобиқаи аз рӯи моҳият дувуми бошгоҳии Осиё - 600 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб 350 ҳазор доллар ва ба дастаи финалист 250 ҳазор доллар тақдим мешавад.