Карзай:"Эътирофи муоҳидаи Дюранд мухолифи манфиатҳои Афғонистон аст".

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рӯзи сешанбе дар як нишасти байналмилалӣ дар шаҳри Кобул собиқ президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфт, муоҳидаи Дюранд, ки замоне Афғонистонро аз манотиқи зери нуфузи империяи Британия ҷудо карда буд, мухолифи манфиатҳои Афғонистони имрӯза аст ва ин санад набояд аз сӯи афғонҳо эътироф шавад.